Русия чӣ гуна занонро аз Осиёи Миёна ба ҷанги зидди Украина мефиристад?
Дилбар моҳҳо боз дар шаҳри Омски Русия дар боздошт ба сар мебарад ва сарнавишти ӯ бе мурофиа ва муҳокимаи додгоҳӣ норӯшан мондааст. Ин муҳоҷири 18-сола аз Осиёи Марказӣ мегӯяд, кормандони зиндон ӯро заданд, бо электрошок азоб доданд ва таҳдид карданд.